Мамлакати навташкили Бирландия, бо ҳадафи муаррифӣ ҳамчун мамлакати фарҳангӣ таъсис мегардад. Ин кишвари навташкиле дар қитъаи Африқо бо масоҳати 2060 кв. км, дар байни Судон ва Миср, инчунин дар байни баҳри Миёназамин ва дарёи Нил мебошад.
Ин замин бо номи Бир Тавил маъруф аст, ки маънои «чоҳи оби тӯлонӣ» -ро дорад. Биртавил сарҳади сиёсии худро дорад ва маълум аст, ки ягон мамлакат ба ин сарзамин даъво накардааст. На Судон ва на Миср ба ин сарзамин кудрат надоранд.
Ҳоло он дар тамоми ҷаҳон ҳамчун давлати Бирландия маълум аст. Онро «Замини ҳеҷ кас» ё «Замине, ки ҳеҷ кас намехоҳад» номидаанд. Баъзе кишварҳое, ки мо Бирландияро муаррифӣ кардем, номаҳоямонро қабул карданд ва ба манфиати он нома тасвиб доданд ва Бирландияро барои табодули фарҳангӣ тавсия намуданд, ба монанди Шандонг ва Тайан дар Чин ва туризми мунисипалии Будхалнилканта дар Катманду, Непал. Мо дар Непал, Ҷакарта, Малайзия, Кореяи Ҷанубӣ, Ҳайдаробод, Ироқ, Нигерия, Гана, Африқои Ҷанубӣ, Шри-Ланка, Хорватия, Эрон, Бразилия, Эквадор, Русия, баъзе штатҳои ИМА ва дигар мамлакатҳо намояндагиҳо ва офисҳои расмӣ дорем.
Сокинон, ки аборигенҳо ҳастанд, ин сарзаминро соҳибӣ кардаанд. Мо ин амали мардуми бумии кишварро ҳуҷҷатгузорӣ кардем ва ҳамеша метавон зикр кард, ки онҳо аз Бирландия хостанд, ки бо онҳо бошад. Дар рӯзномаҳо «Бирландия, бе мо набош!» навиштанд ва парчами Бирландияро баланд бардоштанд.
Инак нуҳ сол мешавад, ки давлати Бирландия аз ҷониби шоҳи Белгия Амир Ҳайёвӣ барпо карда шудааст. 15 майи соли 2015 шоҳ Амир, ҳоким ва маликаи Бирланд тасмим гирифтанд, ки ин сарзаминро ба таври ҷиддӣ ба як кишвари воқеӣ табдил диҳанд – на танҳо ба як кишвари одӣ – балки ба аввалин кишвари башардӯстона дар ҷаҳон, ки шаъну шарафи одамони бешаҳрванд, бодиянишинҳо ва муҳоҷиронро, ки сокинони ин сарзамин буданд ва дар тӯли зиёда аз 100 сол аз аҷдодони худ омада расидаанд, таъмин намоянд. Подшоҳ Амир Ҳайёвӣ, ки андешаи ба як кишвари воқеӣ табдил додани ин сарзаминро дошт, ба ошкоро эълон кардани идеяи худ шурӯъ кард ва тамоми умри худро барои бунёди ин нахустин кишвари башардӯстона дар ҷаҳон ва таъмини шаъну шарафи афроди бешаҳрванд ва баъзе гурезагон бахшидааст. Ин маҳз қуввае буд, ки моро водор сохт, ки дар расидан ба ин орзу содиқ ва устувор бошем.
Бо истифода аз дастрасии васоити ахбори иҷтимоӣ, ӯ барои Бирландия дар Facebook, Twitter, Instagram ва LinkedIn аккаунтҳо ва саҳфаҳои сершуморе дар сомонаҳои иҷтимоӣ кушод. Ин таваҷҷуҳи мардуми кишварҳои мухталифро ба худ ҷалб кард ва идеяи бунёди як кишвари нав, кишвари башардӯстона ва эҳтиром ба афроди бешаҳрванд барои бисёриҳо ҷолиб гашт.
Бо хираду дониш ва диди он ки дар ин сарзамин бе миллат, бе шаҳодатномаи таваллуд ва бе таҳсил бодиянишинҳо зиндагӣ мекунанд, дилсӯзӣ намуда, азми гузоштани пояҳои ин кишварро ба нақша гирифт.
Амир Ҳайёвӣ инчунин аз Маҷмаи умумии Иттиҳодияи Аврупо дар Брюссел дидан кард ва фаҳмидан хост, ки чӣ гуна метавонад кишвареро барпо кунад. Ба ӯ гуфтанд, ки барои ин танҳо бояд замин, мардум, қонунҳо ё конститутсия ва сохторҳо мавҷуд бошад.
Пас аз чанд сол, роҳҳои сарвазири кунунии Бирланд, филиппинӣ ва табиатан башардӯст ва Эден Сориано Тринидад аз Филиппин ба ҳам омад. Он вақт ман унвони шоҳии маликаи шоҳи Кутай Мулаварман доштам. Ҳамчун директори мактаби аутрич, ман дар Маркази таълимии мемориалии Лусио Абриго яке аз аввалинҳо шудам. Ман солҳои зиёд ба ҳайси муовини раиси Шӯрои директорон кор кардам ва ҳамчун муаллими аввалини он маоши ночиз мегирифтам. Шахсе будам, ки тамоми маълумотро дар бораи Бирландия ба Маҳараҷаи Кутай Мулаварман расонидам ва аз ӯ хоҳиш намудам, ки намояндаи байналмилалии давлати Бирландия шавад ва ҳама маълумотеро, ки ман аз асосгузори Бирландия гирифтам, ба тариқи Google тарҷума намудам, чунки Маҳараҷа танҳо бо забони индонезӣ ҳарф мезанад. Ӯ мехост, ки фикру андешаи шахси бовариноки Кутаи Мулавармани — малика Иденро бишнавад, на ба он чизе ки шунидааст, такя кунад. Пас аз чанд моҳ, Маҳараҷа Бирландияро ба ман бовар карда гуфт: «Бо Бирландия бошед ва ба онҳо кӯмак кунед. Ман бо туям!».
Бирландияро, ки ман хуб медонистам, зиёд фикр накарда, муассисро, ки дар он вақт мехост ӯро губернатори Бирландия биноманд, дастгирӣ кардам. Шабу рӯз бо ӯ сӯҳбат мекардам ва дар бораи Бирландия бисёр мепурсидам. Ман чунон саргарм шудам, ки наќшаю мароми ўро нисбати ин сарзамин фањмидам.
Ман ба нақшаи ӯ боварӣ доштам, ки ин сарзаминро ба як кишвари башардӯстона табдил диҳад ва дар он дипломатия василаи асосии муаррифии ин кишвар бошад. Шоҳ Амир ба ман гуфт: «Дипломатия дӯстиро ба вуҷуд меорад» ва «сиёсат душманонро ба вуҷуд меорад». Ман ҳеҷ гоҳ ба самимияти муассис шубҳа надоштам; баръакс, ман ҳар як нақша ва ҳар як консепсияеро, ки ӯ ба ман баён мекард, қабул мекардам. Мо якҷоя кор мекунем, то дидгоҳи худро дар бораи ин кишвар амалӣ созем. Мо дар бораи ҳама чиз сӯҳбат мекунем ва аз ҳамдигар меомӯзем, ки чӣ гуна бунёди ин кишварро амалӣ созем. Рӯзҳо, моҳҳо ва солҳо мегузаранд, аммо мо ҳеҷ гоҳ аз кор дар самти барпо намудани кишвари Бирландия хаста намешавем. Мо истодагарӣ мекунем. Аз сифр мамлакати нав барпо кардан осон нест. Дар соли 2021 мо тасмим гирифтем, ки вақти вохӯрӣ бо ҳукумати хурди худ расидааст. Вазири сайёҳии навтаъйини мо Мингма Дорҷи Шерпа аз Непал ҷашни 7-умин солгарди таъсиси Бирландияро баргузор намуд. Ин бисёр аҷибу гуворо буд. Нахустин вохӯрии шахсӣ бо муассиси Бирландия ва баъзе мансабдорони таъиншуда моро водор сохт, ки орзуи худро дар бораи ин сарзамин амалӣ созем
Моҳи октябри соли 2022, Президент ва асосгузори Шоҳигарии Муттаҳидаи Глобалӣ HRM Бунгане III, Подшоҳи Эмбо Шоҳигарии Африқо, Ассамблеяи Генералии UGK-ро даъват кард ва ба подшоҳон, ҳокимон ва сарони салтанатҳои бумӣ ва анъанавӣ пешниҳод кард, ки вақти он расидааст, ки барои эътироф ва эълон кардани ҳоким ва сарвазири Бирландия аз тарафи шоҳони давлати шоҳигарии Бирландия маросими тоҷгузорӣ гузаронда шавад. Ӯ гуфт: «Сохтори ҳукумати Бирландия монархияи конститутсионӣ мебошад». 7 октябри соли 2022 тоҷгузории виртуалӣ ва эъломия аз ҷониби шоҳи HRM Денис Окафор, подшоҳи Оханези диаспораи Африқо ва муовини раиси Шоҳигарии Муттаҳидаи Глобалӣ, дар якҷоягӣ бо баъзе подшоҳон ва аъзои Шоҳигарии Муттаҳидаи Глобалӣ ва мансабдорони Давлати Бирланд баргузор гардид.
Сипас, 15 майи соли 2023, 8-умин солгарди таъсисёбии Бирландия дар Ҷакарта, Индонезия аз ҷониби Маҳараҷаи Шоҳигарии Кутай Мулаварман ташкил карда шуд. Боиси хушнудист, ки ду шоҳ аз Африқои Ҷанубӣ, шоҳ HRM Ҷозеф Мокголобото, подшоҳи Салтанати Мокголобото ва маликаи ӯ ва подшоҳи Салтанати Манана, Зиян Манана, инчунин чаҳор вазир ба ҷашн расиданд. Мо аз ҷониби Маҳараҷаҳои Шоҳигарии Кутай Мулаварман, MSPA Лансия Речза Факлеви Вамгсаварман, раиси Шӯрои умумиҷаҳонии Монархҳои Шоҳигарии Муттаҳидаи Глобалӣ ҳамчун Подшоҳ ва Маликаи Шоҳигарии Бирланд тоҷгузорӣ шудем.
Вақте ки ман бори аввал соли 2020 намояндаи байналмилалии давлати Бирландия шудам, қариб ҳар рӯз бо дӯстонам вохӯриҳои маҷозӣ мегузарондам ва инчунин ҳангоми намояндагӣ аз Бирландия дар кишварҳои гуногун робита барқарор мекардам.
Вақте ки ман вазифаи сарвазири давлати Бирландияро ба уҳда гирифтам ва ба таъсиси ҳукумати хурд шуруъ кардам, мо бо чанд ҳукумат кор кардем ва дар баъзе кишварҳо чанд намояндагӣ ва офисҳои расмӣ доштем. Ҳуҷҷатҳои Бирландия низ аз ҷониби бисёре аз кишварҳои ҷаҳон қабул ва тасдиқ шудаанд ва мӯҳри вазоратҳои хориҷии онҳоро доранд.
Қобили зикр аст, ки мо, ҳокимони Бирландия онро бо ҳамон обу ҳаво ҳамчун «Дубайи Африқо» муаррифӣ мекунем, аммо Бирланд аз Дубай ва 27 кишвари ҷаҳон бузургтар аст.
Ҳамчун сарвазири тозатаъйин ва маликаи Филиппинии Бирландия, ман, маликаи HRM Эден Сориано Тринидад, ки идеяи ба як кишвари башардӯстона табдил додани ин сарзаминро қабул кардам, гуфта будам: «Ин як лоиҳаи Илоҳӣ аст, зеро Худованд инро тамоми ин муддат нигаҳ дошт, то ки мо онро ба мамлакати беназири инсоният табдил диҳем».
Чун худам шоирам, ҳамчун Сарвазир ҷамъияти «Шоирони Бирляндия»-ро низ таъсис додам. Ман шеърро ҳамчун аввалин фарҳанги Бирландия қайд намудам. Дар Бирландия 70 нафар шоирони расман эътирофшуда ҳастанд ва онҳо дар бораи Бирландия шеъру сурудҳои зиёде навиштаанд.
Мо, шоҳ ва маликаи Бирландия, азму иродаи қавӣ дорем, ки ин мамлакатро хеле осоишта ва ба ҳама дӯст гардонем. Забони англисӣ забони асосӣ аст ва забони дуюм Нубӣ хоҳад буд, зеро ин сарзамин дар биёбони Нубия ҷойгир аст.
Ҳамчун ҳоким ва сарвазири Бирландия ман ният дорам, ки ин кишварро беназир созам, ки шаҳрванди ояндааш ҳуқуқи таҳсилро дорад ва шаҳрвандонаш ба миллати мутафаккирон, муҳаққиқон, навоварон, технократҳо, омӯзгорони сулҳ ва инсондӯст табдил ёбад. Бирландия миллати коргарон нахоҳад буд. Ҳукумати Бирландия бо роҳбарии омӯзгорон шаҳрвандонеро ба вуҷуд меорад, ки муҳаққиқон, навоварон, технологҳои тадқиқотӣ, соҳибкорон ва омӯзгорони илмҳои сулҳ ва башардӯстӣ хоҳанд буд ва онҳо миллионер мешаванд, на мардикороне, ки дар ғарибӣ заҳмат мекашанд. Мо мехоҳем як муҳити беназири таълиму тарбияро ба вуҷуд орем, ки онро системаи кӯҳнаи маориф назорат намекунад.
Мо, ҳокимони Бирландия, инчунин нақша дорем, ки барои шаҳрвандони ояндаи Бирландия василаи зиндагиро таъмин кунем, то онҳо гуруснагӣ ва қашшоқиро аз сар нагузаронанд.
Бирландия, чуноне ки вазири мухтори он Селсо Невес Диас тавсиф кардааст, кишварест, ки бо диди оянда ба дунё омадааст ва ҳадафи он биёбонро ба минтақаи сабзи парвариши зироат табдил додан аст.
Эй Бирландия, замини рафта аз ёдҳо,
Туро гармии руҳи офтоб аст.
Туро ман бо табассум мекунам оғӯш,
Ва месозам туро бедор аз хоби гарон,
Чаро, ки бар ту мерезад ҳам руъёи бепоён.
Бирландия, HRM Малика Эден Сориано, Тринидад
Тарҷума бо забони тоҷикӣ Абдуқаҳҳори Қосим
by Kosimov Abdukakhor